Як киштии мусофиркаши Чин бо 458 сарнишин, ки аксари онҳо пиронсолон будаанд, шаби душанбе бар асари тӯфон, дар дарёи Янсзи, ғарқ шудааст. Бинобар гузоришҳо, ҳашт тан аз мусофирон то ба ҳол наҷот дода шудаанд. Шабакаҳои хабарии расмии Чин иттилоъ доданд, ки амалиёти наҷоти ғарқшудагон бинобар боронгариҳо, ба мушкил рӯбарӯ будааст. Ин киштӣ аз Нанкин дар шарқи Чин равонаи шаҳри бузурги Чунсин дар ҷануб-ғарби он кишвар будааст. Ба гузориши ин хабаргузориҳо, бештари ин мусофирон аз 50 то 80 сола будаанд. Хабари ғарқ шудани киштиро ҳафт тан аз афроде, ки худро то ба соҳил расониданд, ба мақомҳо расониданд. Дар минтақае, ки ҳодиса рух додааст, тайи 24 соати гузашта боронгарии шадид идома доштааст. Капитан ва сармуҳандиси киштӣ, ки ҳар ду наҷот ёфтаанд, гуфтаанд, ки ин киштӣ бо бархӯрд ба гирдбод фавран ғарқ шудааст.