Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Даргилмодак"-намунаи фолклорӣ рӯшонӣ аз чоп баромад


Намунаи фолклор ва адабиёти забони рӯшонӣ бо номи "Даргилмодак" дар ҳаҷми 140 саҳифа аз чоп баромад. Ин китоб намунаҳои фолклор ва адабиёти яке аз забонҳои қадимтарини помирӣ -- забони рӯшониро аз охири қарни нуздаҳум то имрӯз дар бар гирифтааст. Ин китоб бо пуштибонии молиявии созмони "Равшандилон" ва зери назари Назрӣ Офаридаев -- доктори илмҳои филологӣ ва дар таҳияи Лутфишоҳ Қиматшоев, ба зевари чоп ороста шудааст.

Забони рӯшонӣ аз қадимтарин ва серистеъмолтарин забонҳои помирӣ маҳсуб шуда, дар гузаштаи начандон дур (то даҳаи аввали қарни бистум) теъдоди истифодабарандагони он, аз лиҳози бартарият доштани аҳолии Рӯшонзамин, нисбати соири ноҳияҳои Помир ба маротиб зиёдтар будааст.

Муаллифон мегӯянд, ки «Даргилмодак» даъво ва ҳукми китоби илмӣ-тадқииқотиро надорад, балки ҳамагӣ маҷмӯаест иборат аз намунаи фолклор ва адабиёти забони рӯшонӣ, ки шояд барои соҳибзабонон ба унвони ҷузъе аз манобеи ҳуввияту худшиносӣ ва барои муҳаққиқон ба ҳайси маъхаз хизмат расонад.

XS
SM
MD
LG