Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷунҷунвала дар бораи Ҳалимов изҳори назар кард


Гулмурод Ҳалимов
Гулмурод Ҳалимов

Пуё Ҷунҷунвала-сухангӯи вазорати корҳои хориҷаи Амрико дар сӯҳбат бо шабакаи телевизионии CNN иддаои сарҳанг Гулмурод Ҳалимов-фармондеҳи пешини нируҳои таъиноти махсуси вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистонро дар бораи тамринҳояш дар Амрико таъйид кардааст. Ҷунҷунвала гуфтааст, ки Ҳалимов аз соли 2003 то то соли 2014 дар Амрико ва Тоҷикистон 5 бор дар бахши мубориза бо терроризм машқу тамрин дидааст.

Ҳафтаи гузашта дар интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ муроҷиати видеоии Гулмурод нашр шуд ва вай ба забони русӣ хитоб ба Амрико мегӯяд, “Шумо амрикоиҳои хук гӯш кунед: Ман се бор дар Амрико будам. Ман дидам, ки шумо чӣ тавр сарбозонро машқ медиҳед, то онҳо мусулмононро бикушанд”.

Коршиносон мегӯянд, муроҷиати Ҳалимов ба забони русӣ ба он маънист, ки барои ба хидмат гирифтан аз кишварҳои Осиёи Марказӣ таваҷҷуҳро ҷалб кунад. Дар ин навор ҳамчунин дида мешавад, ки Ҳалимов чӣ тавр аз масофаи 25 метр як дона помидорро нишон мегирад ва мезанад.

Ҷунҷунвала-сухангӯи вазорати корҳои хориҷаи Амрико ба CNN мегӯяд, ки Ҳалимов ва шахсони дигари ин воҳиди пулиси Тоҷикистонро барои омӯзиш дар Амрико ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод кардааст.

XS
SM
MD
LG