Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷон Керрӣ ва Муҳаммад Зариф мулоқот мекунанд


Ҷон Керрӣ ва Муҳаммад Ҷавод Зариф, акс аз бойгонӣ
Ҷон Керрӣ ва Муҳаммад Ҷавод Зариф, акс аз бойгонӣ

Дар Женева музокироти Ҷон Керрӣ ва Муҳаммад Ҷавод Зариф-вазирони корҳои хориҷаи Амрико ва Эрон оғоз шуд. Ин музокирот рӯзҳои шанбе ва якшанбе дар Женева баргузор мешавад. Дар он ҷонибҳо такмили созишномаи маҳдудияти барномаҳои ҳастаии Эрон ва назорати байналмиллалӣ бар ин барномаҳоро баррасӣ мекунанд.

Мақомоти расмии Амрико изҳор доштанд, ки ҳафтаҳои боқимонда то поёни мӯҳлати пебинишуда, яъне то охири моҳи июн хеле рӯзҳои пуркор хоҳад буд ва ба Эрон фишор меоранд, то фурсати эҷоди аслиҳаи ҳастаиро надошта бошад.

Як мақоми баландпояи вазорати корҳои хориҷа Амрико, ки дар ин бора сӯҳбат мекард гуфт, “Ҷон Керрӣ ба Зариф хоҳад гуфт, ки бояд барои назорат бозрасони байналмиллалӣ ба таъсисоти ҳастаии Эрон дастрасӣ пайдо кунанд”.

XS
SM
MD
LG