Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ФИФА баръакс Амрикоро муттаҳам мекунад


Ду нафар аз мақомоти раҳбарии ФИФА 29 май парвандаи Амрико бар зидди ришвахории ин ниҳоди варзиширо кори интиқомҷӯёна хонданд ва гуфтанд, Амрико барои он ин парвандаро боз кардааст, ки ФИФА онро мизбони бозиҳои Ҷоми Ҷаҳонии футбол дар соли 2022 интихоб накард.

Ин нуктаро Ҷек Ворнер-муовини пешини раиси ФИФА изҳор доштааст. Вайро ҳамин ҳафта дар Тринидад барои ришвахорӣ дар ҷараёни баргузидани кишварҳои мизбони бозиҳои Ҷоми Ҷаҳонии футбол дар солҳои 1998 ва 2010 боздошт карданд.

Вай гуфт, Амрико “талош дорад ба ФИФА зарар расонад, зеро мизбони бозиҳои Ҷоми Ҷаҳонии футбол дар соли 2022 нашуд”. Зепп Блаттер, ки боз барои чаҳор соли дигар раиси ФИФА интихоб шудааст, изҳор дошт, ки Амрико ва Британия интиқомҷӯӣ мекунанд.

Блаттер дар Тсюрих гуфт, “онҳо бозиҳои Ҷоми Ҷаҳонии футбол дар солҳои 2018 ва 2022-ро зери суол бурдаанд”, зеро худи онҳо низ мехостаанд, ки мизбони ин бозиҳо бошанд.

Вай гуфт, “агар номи ду кишвари дигар аз лифофа берун меомад, мо имрӯз ба ин мушкил рӯ ба рӯ намешудем”.

XS
SM
MD
LG