Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Грег Дюк мегӯяд, Блаттер бояд биравад


Грег Дюк
Грег Дюк

Грег Дюк, раиси Федератсияи Футболи Англия гуфт, Сепп Блаттер, раиси ФИФА бояд барои фасоду ришвахорӣ дар Федератсияи Байналмилалии Футбол аз мақомаш истеъфо диҳад. Пеш аз ин баёнияи Грег Дюк, дар рӯзи 27-уми май, УЕФА, Федератсияи Футболи Аврупо хост, ҷаласаи интихоби нави раиси ФИФА барои шаш моҳ ба таъхир андохта шавад. Конфедератсияи Футболи Осиё гуфт, ки аз Сепп Блаттер ҳимоят мекунад ва мехоҳад, анҷуман баргузор шавад. Грег Дюк мегӯяд, то замоне ки Сепп Блаттер раиси ФИФА аст, эътимод ба ин созмони бузург барқарор намешавад. Ӯ афзуд, "Блаттер бояд истеъфо диҳад, ё бо раъйи мухолиф барканор карда шавад ва ё бояд роҳи сеюмеро барои рондани Блаттер пайдо кард." Рӯзи 27-уми май 7 мақоми ФИФА-ро бо иттиҳоми ришвахорӣ ва ришва додан, дастгир карданд. Дар ҷаласаи ФИФА дар рӯзи 29-уми май Сепп Блаттер ва Шоҳзода Алӣ аз Ӯрдун номзад ба мақоми раиси созмони мазкур ҳастанд.

XS
SM
MD
LG