Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нерӯҳои ироқӣ ҳамлаи ҷангҷӯёнро гардонданд


Бино ба гузоришҳо, нерӯҳои давлатии Ироқ, рӯзи 23-уми май, ҳамлаи ҷангҷӯёни гурӯҳи Давлати исломиро рафъ кардаанд, ки кӯшиш доранд, як шаҳри стротегӣ дар вилояти Анборро ишғол кунанд. Шоҳидони айнӣ ва мақомоти ироқӣ гуфтаанд, нерӯҳои давлатӣ ҳамроҳ бо размандагони қабилаҳо аъзои гурӯҳи Давлати исломиро дар канораи шаҳри Холидия ва дар наздикии пойгоҳи Ал-Ҳаббония шикаст додаанд. Ин пойгоҳ дар байни шаҳри Фаллуҷа ва Рамодӣ ҷойгир аст. Доир ба талафот аз ҳарду тараф гузорише дар даст нест, ҳарчанд гуфта мешавад, ки ҷанг бисёр шадид будааст. Пеш аз ин даргириҳо, дар ҳафтаи гузашта ҷангҷӯёни гурӯҳи Давлати исломӣ шаҳри Рамодӣ пойтахти вилояти Анборро ишғол карданд. Баъди оғози амалиёти нерӯҳои давлатии Ироқ ва эътилофи ба раҳбарии Амрико ба зидди гурӯҳи Давлати исломӣ, суқути Рамодӣ як пирӯзии азим барои ин гурӯҳи ифротгаро маҳсуб мешавад.

XS
SM
MD
LG