Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Столтенберг хатми кӯмакҳои Русияро тақозо кард


Лавров ва Столтенберг дар Бруссел, 19 майи 2015
Лавров ва Столтенберг дар Бруссел, 19 майи 2015

Ҷенс Столтенберг -Дабири кулли паймони НАТО ба Сергей Лавров-вазири корҳои хориҷаи Русия гуфтааст, ки Маскав бояд ба ҳимояти худ аз ҷудоихоҳони шарқи Украина хотима диҳад.

Столтенберг ин нукотро дар Бруссел дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои вазирони хориҷаи Аврупо изҳор доштааст. Вай ҳамчунин ба Лавров дар як ёддошти мухтасар гуфтааст, ки НАТО аз баргузории чанд машқи низомии Русия нигарон аст. Аммо Русия қабул надорад, ки ба ҷудоихоҳон дар шарқи Украина кӯмак мекунад.

Муносибатҳои байни Русияву НАТО баъд аз пайвастани Қрим ба Русия ба поинтарин зинаи худ расидааст ва ин бадтарин муносибат дар давраи ҷанги сард ба шумор меравад.

XS
SM
MD
LG