Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талаби тазоҳургарон дар Македония


Садҳо тазоҳургар дар назди бинои ҳукумат мондаанд.
Садҳо тазоҳургар дар назди бинои ҳукумат мондаанд.

Тазоҳургарон дар шаҳри Скопйе, пойтахти Македония мегӯянд, то замоне, нахуствазир Никола Груевски истеъфо надиҳад, тазоҳуротро бас намекунанд. Ба гузориши хабарнигорони Радиои Озодӣ дар Скопйе, рӯзи 17-уми май, 40 ҳазор нафар дар тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ дар ин шаҳр ширкат карданд. Раҳпаймоии эътирозӣ бо даъвати аҳзоби мухолиф ба раҳбарии Ҳизби Иттиҳоди Сотсиал Демократҳои Македония сурат гирифт. Нашри сабти гуфтугӯи вазирони ҳукумат дар бораи тақаллубкорӣ дар интихобот сабаби норизоятӣ ва тазоҳурот шуд. Никола Груевски, нахуствазири Македония, ки аз соли 2006 дар ҳукумат аст, иддаоҳо дар ин заминаро рад кардааст. Аксарияти тазоҳургарон шоми рӯзи 17-уми май ба хонаҳояшон баргаштанд, вале садҳо нафар аз тарафдорони мухолифони давлат дар назди бинои ҳукумат хайма задаанд ва азми рафтан надоранд. Тарафдорони Никола Груевски қасд доранд, имрӯз дар шаҳри Скопйе, раҳпаймоӣ баргузор кунанд. Ҳафтае пештар дар шаҳри Кумановои Македония дар даргирӣ миёни афроди мусаллаҳ ва маъмурони амниятӣ, 8 корманди пулис ва 14 фарди мусаллаҳ кушта шуданд.

XS
SM
MD
LG