Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳаммад Мурсӣ маҳкум ба эъдом шуд


Муҳаммад Мурсӣ, раисиҷумҳури барканоршудаи Миср, рӯзи 16 май бо иттиҳоми даст доштан дар фирори дастаҷамъии маҳбусон аз зиндон дар соли 2011 маҳкум ба эъдом шуд.

Додгоҳи ҷиноии шаҳри Қоҳира рӯзи шанбе ҳукми Мурсӣ ва боз чанд раҳбари гурӯҳи “Ихвон-ул-муслимин” аз рӯи ду парванда – хиёнат ба давлату ҷосусӣ ба нафъи кишвари хориҷӣ ва фирори дастаҷамъона аз маҳбас дар чаҳор соли пешро эълон кард. Ба навиштаи хабаргузориҳо, дар ҳукм оид ба хиёнату ба давлату ҷосусӣ ба нафъи кишвари хориҷӣ аз Муҳаммад Мурсӣ ном бурда нашудааст в а аммо номи ӯ миёни 106 нафарест, ки дар робита ба фирор аз зиндон рӯзи 25 январи соли 2011 муҷозот шудаанд.

Моҳи апрели соли равон Муҳаммад Мурсӣ барои фармони боздошту шиканҷаи эътирозгарон дар маҳбас ба 40 соли маҳбас маҳкум шуда буд.

Мурсӣ нахустин сарвари Миср аст, ки дар натиҷаи интихоботи демократӣ сари қудрат омада буд. Расо баъд аз як соли раҳбарияш – моҳи июли соли 2013 низомиён ӯро аз мақом барканор карданд. Баъд аз ин фаъолияти гурӯҳи “Ихвон-ул-муслимин”, ки аз Мурсӣ пуштибонӣ мекард, манъ карда шуд ва ҳазорон аъзои он ба зиндон андохта шуданд.

XS
SM
MD
LG