Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сангпора роҳи Душанбе-Бадахшонро баст


Кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ муваззаф шудаанд, муваққатан сафари сокинон ба Бадахшон тариқи ин роҳро манъ кунанд. Ориф Нозимов, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, афтодани сангпораи бузург, ки 20 метр паҳноӣ ва 150 метр дарозӣ дорад, аз шаби 13-уми май ба ин сӯ роҳро банд кардааст.

"Ин сангпора дар километри 282-юми шоҳроҳи Кӯлоб-Хоруғ, воқеъ дар деҳаи Яхчи Поёни Шӯрообод афтода, роҳро банд кардааст. Айни ҳол дар ҷои ҳодиса кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар ҳамкорӣ бо ширкати роҳсозии “ПЕКАР”-и Туркия бо се техникаи борбардор сангро шикаста вазъияти ба амаломадаро бартараф карда истодаанд,"-афзуд Нозимов.

XS
SM
MD
LG