Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Атамбоев хостори озмунҳои шаффоф шуд


Алмосбек Атамбоев
Алмосбек Атамбоев

Алмосбек Атамбоев-раиси ҷумҳури Қирғизистон гуфтааст, барои рушди саноати кӯҳӣ ва истифодаи самарбахши захираҳои табиӣ ва барои кор дар конҳои маъдан бояд озмунҳои озоду шаффоф ва ба нафъи кишвар баргузор кард.

Вай ин нуктаро дар мулоқот бо Дуйшенбек Зилалиев-раиси Ожонси давлатии геология ва захираҳои маъдани кишвараш изҳор доштааст.

Ин дар ҳолест, ки солҳои пеш дар ин кишвар озмунҳо пинҳонӣ ва ғайришаффоф баргузор шудааст ва баъзе ширкатҳои хориҷӣ ҳукумати Қирғизистонро ба додгоҳ кашиданд. Аз солҳо ба ин сӯ дар Қирғизистон талош доранд, роҳҳои баргузор кардани озмунҳои шаффоф ва бетарафро пайдо кунанд.

Ахиран дар як озмун барои кор дар кони тиллои “Ҷеруй” ширкати "Восток-геологодобыча" баранда дониста шуд, ки ба гурӯҳи ширкатҳои “Русская платина" дохил аст.

XS
SM
MD
LG