Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СБП:Рушди иқтисоди Узбакистон боқӣ мемонад


Сандуқи Байналмиллалии Пул пешбинӣ кардааст, ки рушди сареъи иқтисоди Узбакистон дар соли 2015 ҳифз мешавад. Дар ин бора ҳайати кории Сандуқи Байналмиллалии Пул дар Тошканд роҷеъ ба натиҷаҳои сафари худ хабар додааст.

Ин ҳайат аз 29 апрел то 12 май дар Узбакистон қарор дошт ва мегӯяд, сабабҳои боқӣ мондани рушди иқтисод ин аст, ки барномаҳои таҷдиди саноат, барномаҳои хусусигардонӣ ва ислоҳоти сохторӣ, коҳиши нақши давлат дар иқтисод имкон медиҳад, ки замина барои пешрафт фароҳам ояд.

Бино ба хабари Сандуқи Байналмиллалии Пул, Узбакистон омода аст барои рушди бахши хусусӣ тадбирҳои иловагӣ рӯи даст бигирад.

XS
SM
MD
LG