Сафарбар кардани воҳидҳои низомии вокуниши сареъи кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ ба Тоҷикистон ба поён мерасад. Дар ин бора Фаридун Маҳмадалиев-сухангӯи вазорати дифои Тоҷикистон ба матбуот хабар додааст. Ин нируҳо дар чаҳорчӯбаи тафтиши ғайриинтизори омодагии ҳарбӣ ба Тоҷикистон интиқол меёбанд.
Ба гуфтаи ин сарчашма, бо садо додани фармони “хатар” ё “тревога” нируҳои зудамали Русияву Қазоқистон ва Беларус бо ҳамаи муҳимоти ҷангии худ, аз ҷумла бо техникаи зиреҳдор, ба ҳавопаймоҳо бор карда шудаанд ва шаби 13 май дар фурудгоҳҳои Душанбеву Қурғонтеппа ба замин нишастаанд.
Фаридун Маҳмадалиев гуфтааст, ки дар маҷмуъ дар чаҳорчӯбаи ин машқҳо 24 ҳавопаймои борбари кишварҳои узв, аз ҷумла 19 аз Русия, 3 аз Қазоқистон ва 2 аз Беларус фуруд омадаанд. 14 май аз Арманистон як ҳавопаймо меояд.
Ин машқҳо то 21 май давом мекунад ва аз ҳамаи кишварҳои узв 2 ҳазор сарбозу афсар дар он ширкат мекунанд. Ҳадафи ин машқҳо муқаррар кардани вақти сафарбарии нируҳо ва омӯзиши маҳал ба шумор меравад.
Дар Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ Русияву Беларус, Қазоқистону Қирғизистон ва Тоҷикистону Арманистон узвият доранд.