Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳима Шалоэр ба 6 соли зиндон маҳкум шуд


Раҳима Шалоэр овозхони маъруф ва артисти халқии Тоҷикистон чанде пеш аз ҷониби додгоҳи Фирдавсӣ бо гуноҳи қаллобӣ, ба 6 соли зиндон маҳкум шудааст ва 20 рӯз аст, ки дар боздоштгоҳи мувақатӣ ба сар мебарад.

Баҳром Абдураҳмонзода додраси додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ 13 май ба Радиои Озодӣ, гуфт мурофиаи шикояти касатсионии ҳунарманди маъруф, Раҳима Шалоер баррасӣ шуд ва парвандаи ӯро барои муҳокима ба зинаи болоӣ ба додгоҳи Душанбе ирсол карданд.

Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ мегӯяд, Раҳима Шалоер бо моддаи 247 Кодекси ҷиноӣ (қаллобӣ) айбдор дониста мешавад ва ҳафтаи гузашта ба 6 соли зиндон маҳкум шудааст. Додгоҳи шаҳри Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфт , ки парвандаи Раҳима Шалоэр бар асоси аризаи шикояти вай ба додгоҳи пойтахт ворид шуд ва мумкин аст, муҳокимаи парванда 20 май оғоз шавад. Гуфта мешавад, Раҳима Шалоэр бар асоси шикояти як сокини пойтахт, ки гуё Раҳима Шалоэр аз вай ҳудуди 17 ҳазор доллар гирифта вале саривақт пас нагардонидааст ба маҳкама кашида шудааст. Аммо тавре наздикони Раҳима Шалоэр мегӯянд, онҳо бо ҳукми додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ розӣ нестанд ва онро дар нисбати хонум Шалоер “говсуд” меҳисобанд. Раҳима Шалоер аз овозхонҳои маъруфи дастаи собиқи Гулшан аст, ки дар аҳди шӯравӣ дар Тоҷикистон машҳур буд.

XS
SM
MD
LG