Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари раиси иҷроии гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон


Бинои Бонки Ҷаҳонӣ дар Вошингтон.
Бинои Бонки Ҷаҳонӣ дар Вошингтон.

Ёрг Фриден, раиси иҷроии Бонки Ҷаҳонӣ, субҳи имрӯз, чоршанбеи 13 май вориди Тоҷикистон шудааст. Масъулони дафтари Бонки ҷаҳонӣ дар Душанбе зимни тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки сафари раиси иҷроии Бонки Ҷаҳонӣва ҳайати ҳамроҳонаш дар Тоҷикистон муддати панҷ рӯз идома хоҳад кард. Интизор меравад, дар ҷараёни ин сафар ҳайати Бонки Ҷаҳонӣ бо тими иқтисодии ҳукумати Тоҷикистон ва ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳур дидор ва масоили густариши ҳамкориҳои дуҷониба, вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, рушди макроиқтисодӣ ва паёмадҳои бӯҳронӣ бар асари таҳримҳо алайҳи Русия ба иқтисоди Тоҷикистонро баррасӣ кунад. Сафари раиси иҷроии Бонки Ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон дар ҳолест, ки ин кишвари Осиёи Миёна аз соли 1994 бад ин сӯ узви ин созмони байналмилалии молӣ аст. Бонки ҷаҳонӣ аз соли 1996 то ба имрӯз ҳудуди 843 миллион доллар ба Тоҷикистон кӯмак карда ва ин ниҳоди молии байналмилалӣ аз созмонҳои қарздиҳанда ба Тоҷикистон низ маҳсуб мешавад.

XS
SM
MD
LG