Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Навоз Шариф вориди Кобул шуд


Телевизиони давлатии Покистон рӯзи 12 май хабар дод, ки нахуствазир Навоз Шариф ва раҳбарони аршади ҳукумативу низомӣ ба хотири баррассии масоили калидӣ оид ба идомаи ҳамкориҳо миёни ду кишвари ҳаммарз дар набард бо ситезаҷӯён дар ду тарафи сарҳад дар шаҳри Кобул қарор доранд.

Ин сафар бо даъвати раисиҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ сурат гирифтааст. Фармондеҳи артиши Покистон генерал Роҳил Шариф ва раиси Хадамоти кашфи Покистон генерал Ришвон Ахтар ҳам ба ҳайати расмӣ шомиланд.

Як вазири покистонӣ гуфтааст, ки эҳтимолан мулоқоти мустақим миёни ҳукумати Афғонистон ва ҷунбиши “Толибон” ҳам дар музокироти Кобулу Исломобод баҳсу баррасӣ мешавад. Ӯ афзудааст, ки мақомоти Покистон ва Афғонистон дар музокироти чанд рӯзи пеш миёни “Толибон” ва ҳукумати Кобул дар шаҳри Доҳаи Қатар чанд паёми мусбат дарёфт кардаанд. .

Толибон барои музокирот бо ҳукумати Афғонистон розӣ шуданд, аммо чанд шарт, аз ҷумла, хурӯҷи нерӯҳои боқимондаи хориҷӣ аз Афғонистонро, ба миён гузоштанд.

XS
SM
MD
LG