Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақоми афғон мегӯяд, 7 ҷангӣ кушта шудааст


кӯҳҳои Кунар
кӯҳҳои Кунар

Ба иттилои як масъули ҳукумати Афғонистон, дар паи ҳамлаи мушакии дрон ё ҳавопаймои бесарнишин дар наздикии марзи Покистон дар вилояти шарқии Кунар, 7 ҷангӣ кушта шуд. Раиси полиси вилоят Абдулҳабиб Саидхейлӣ гуфт, ки ҳамлаи рӯзи 7 май анҷомшуда гурӯҳи ҷангиёнеро ҳадаф қарор дод, ки тӯли як соли охир дар ин маҳалла фаъолият мебаранд. Ба иттилои ӯ, дар миёни кушташудаҳо раиси гурӯҳ ва писари ӯ ҳам будааст. Ин гурӯҳи ҳафтнафара савори мошин ҳаракат мекард, ки мавриди ҳамла қарор гирифт. Дар вилояти Кунари ҳаммарз бо Покистон ҳузури ҷангиёни мухталифи наздик ба Толибон хеле зиёд аст.

XS
SM
MD
LG