Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаҳрванди Тоҷикистон 7 сол ҳукми зиндон гирифт


Додгоҳи Роҳи Оҳани Барнаул дар кишвари Олтой як шаҳрванди Тоҷикистонро ба 7 соли зиндон маҳкум кардааст. Дар ин бора дафтари матбуотии раёсати минтақавии мубориза бо маводи мухаддири Русия ба матбуот хабар додааст.

Аз ин шаҳрванди Тоҷикистон ном бурда намешавад, вале вайро барои қочоқи маводи мухаддир маҳкум кардаанд. Дар хабар омадааст, ки моҳи августи соли гузашта вай ба Барнаул ба назди як шахси барояш ношинос омадааст, то 10 халтачаи яккилоии ҳероинро бигирад ва дар чархи мошини “Ҳонда” пинҳон кунад ва ба Кемерово бибирад.

Ин миқдор ҳероин аз Қирғизистон ба кишвари Олтой ворид шудааст. Бо ҳукми додгоҳ ин шаҳрванди Тоҷикистон акнун 7 соли зиндонро дар маҳбаси дорои шароити шадид паси сар хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG