Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иддаои ДОИШ дар бораи ҳамла дар хоки Амрико


Тундравҳои ДОИШ ё “Давлати Исломӣ” иддао кардаанд, ки онҳо бори аввал ҳамлаи худро дар хоки Амрико анҷом доданд ва дар Техас дар чорабинии зидди исломӣ, ки аксҳои танзомези Муҳаммад-паёмбари исломро ба намоиш гузошта буд, тир андохтаанд.

ДОИШ 5 май гуфтааст ду марде, ки ба намоишгоҳи аксҳои Техас ҳамла бурданд, узви гурӯҳи тундравҳои онҳо будаанд. Ин марди мусаллаҳ бо номи Элтон Симпсон ва ҳамхонаи вай Нодир Суфиро пулиси навбатдор ва кормандони дигари амниятӣ дар Гэрланд дар наздикии Даллас 3 май ба қатл расонданд.

Дафтари Бозрасии Федеролӣ ё Эф Би Ай Симпсонро хеле хуб мешинохт, зеро вай аз соли 2006 то 2010 мусоҳибаҳои худро роҷеъ ба расидагиҳои террористӣ 1 500 соат сабт карда буд. Вале бозрасон намедонистанд, ки вай ба нақша гирифтааст, ки ба сӯи озмуни аксҳои танзомез тир меандозад.

XS
SM
MD
LG