Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бан Ки Мун дар ҷашни Рӯзи Ғалаба ширкат мекунад


Бан Ки Мун
Бан Ки Мун

СММ таъйид кард, ки Бан Ки Мун-Дабири кулли СММ барои ширкат дар барномаҳои Рӯзи Ғалаба ба Маскав меравад. Стефан Дуйарич-сухангӯи СММ ба рӯзноманигорон гуфт, ки мулоқотҳои Бан Ки Мун дар Маскав ҳоло то ба охир ҳамоҳанг нашудааст. Бо вуҷуди ин вай дар барномаҳои 70 солагии пирузии Иттиҳоди Шӯравӣ бар фашизми Олмон ширкат мекунад.

Бан Ки Мун дар ҷараёни ин сафар аз Украина ҳам боздид мекунад. Дар Украина вай мулоқот бо Петро Порошенко-раиси ҷумҳури Украинаро ба нақша гирифтааст.

Ҳафтаи гузашта Павел Климкин-вазири корҳои хориҷаи Украина боздид аз Русаияро интиқод кард ва гуфт, ки ин кишвар аз ҷудоихоҳон дар шарқи Украина ҷонибдорӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG