Мақомоти Афғонистон мегӯянд, ки бар асари ҳамлаи маргталабона дар як автобус бо кормандони ҳукуматӣ дар шаҳри Кобул рӯзи 4 апрел дасти кам 10 нафар маҷрӯҳ шудаанд.
Масъулияти таркиш дар автобусеро, ки кормандони Додситонии куллро барои кор ба дафтари ин ниҳод дар маркази пойтахт мебурд, ҷунбиши “Толибон” бар ӯҳда гирифт. Муовини сухангӯи вазорати умури дохилӣ Наҷиб Дониш ба хабаргузориҳо гуфт, ки ҳамаи маҷрӯҳон сокинонои осоиштаанд.
Ҳамла як рӯз баъд аз он ба вуқӯъ пайваст, ки як ҳайати ҳукуматии афғон ба хотири хатми маъракаи ситезаҷӯён алайҳи нерӯҳои ҳукуматӣ дар шаҳри Доҳа, пойтахти Қатар, бо намояндагони ҷунбиши “Толибон” мулоқот кард.
Ҳафтаи гузашта толибон эълом доштанд, ки маъракаи баҳории худро аз сар мегиранд ва нерӯҳои ҳукумативу хориҷиёни муқими Афғонистонро ҳадафи ҳамла қарор медиҳанд.