Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҷозоти волидони 6 хонандаи марзшикан


Даромадгоҳи ноҳияи Носири Хусрав
Даромадгоҳи ноҳияи Носири Хусрав

Додгоҳи ноҳияи Носири Хусрави вилояти Хатлон волидони шаш хонандаро, ки ба убури ғайриқонунии марзи Тоҷикистон бо Узбакистон боздошт ва баъдан раҳо шуданд, ба пардохти ҷарима муваззаф кардааст. Бар асоси тасмими додгоҳи ноҳияи Носири Хусрав, волидайни ду хонанда, ҳар кадоме ба пардохти 500 сомонӣ ва чаҳор волидайни дигар ҳар кадоме ба пардохти 460 сомонӣ муҷозот шудаанд.

Ин дар ҳолест, ки волидайни хонандагон аз тасмими додгоҳ норозиянд ва мегӯянд, ки ба далели фақру бекорӣ тавони пардохти ин миқдор маблағро надоранд. Онҳо иддао доранд, тибқи моддаи 90-и “Қонун дар бораи масъулияти падару модар” ҷарима барои ин ҷурм бояд ҳудуди 100 сомонӣ бошад, аммо додгоҳ онҳоро ба маротиб бештар ҷарима кардааст. Афзун бар ин, ба гуфтаи онҳо, мақомот телефонҳои мобилии фарзандонашонро, ки барои аккосӣ дар даст доштаанд, гирифтаанд.

Шаш хонандаи мактаби рақами 3 –и ноҳияи Носири Хусрав, ки сокинони ҷамоати деҳоти “Фирӯза” мебошанд, субҳи 19 апрел барои саёҳат ба кӯҳ баромада ва марзи Узбакистонро убур кардаанд, ки дар натиҷа аз ҷониби марзбонони узбак боздошт шудаанд. Дар пайи музокироти ниҳодҳои марзбонӣ ва амниятии Тоҷикистон ҳамтоёни узбакашон ин хонандагонро озод карданд.

Аммо додситонӣ нисбат ба ин хонандагон парванда боз карда ва додгоҳ волидайни онҳоро ба пардохти ҷарима муваззаф кард. Қаламрави ноҳияи Носири Хусрави вилояти Хатлон бо Узбакистон марзи муштарак дорад, ки аз миёни кӯҳу теппаҳо мегузарад.

XS
SM
MD
LG