Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Масимов сарвазири Қазоқистон таъин шуд


Карим Масимов
Карим Масимов

Карим Масимов аз сӯи Нурсултон Назарбоев сарвазири Қазоқистон таъин шуд. Ба иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Қазоқистон, аз ин пеш Назарбоев дар робита ба номзадии нахуствазири нав бо раҳбарони ҷиноҳҳо ва аҳзоби сиёсӣ дап парлумон мулоқот кард.

Ин нахустин амри Назарбоев баъди он аст, ки рӯзи чаҳоршанбе бори панҷум ба ҳайси раҳбари Қазоқистон савганд хӯрд. Маросими савгандёдкунии ӯ дар Кохи Истиқлол дар шаҳри Остона баргузор шуд. Ҳангоми суханронӣ ӯ гуфт, ки Қазоқистон ба таҳкими робитаҳо бо ҳамкорони стратегияш – Русия, Чин, ИМА, Иттиҳодияи Аврупо ва ҷаҳони ислом идома медиҳад.

Се рӯз пеш дар Қазоқистон овоздиҳӣ дар интихоботи қабл аз вақти президентӣ баргузор гардид, ки дар он, ба иттилои расмӣ, Нурсултон Назарбоев ба дарёфти 97,75 дар сади раъйҳо муваффақ шуд.
Нозирони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо гуфтанд, ки интихобкунандагони қазоқ дар ин маърака аз имкони интихоби воқеъӣ маҳрум монданд.

Нурсултон Назарбоев аз соли 1989 дар садри Қазоқистон аст. Мунаққидон мегӯянд, ки ӯ ҳукуматро ғасб карда, имконоти мухолифинашро маҳдуд ва ҳама гуна дигарандеширо саркӯб намудааст. Назарбоев барои он ҳам танқид мешавад, ки барои тамдиди мӯҳлати президентияш чанд бор қонунро тағйир додааст.

XS
SM
MD
LG