Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати Раҳмон аз мактабиёни Пешовар


Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз донишомӯзони яке аз мактабҳои Пешовар, ки дар пайи ҳамлаи гурӯҳи мусаллаҳ дар моҳи декабри соли гузашта осеб дида буданд, даъват ба амал овард, то аз ин кишвар дидан кунанд. Масъулони вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи сешанбеи 28 апрел зимни тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки “ҳадафи асосӣ аз ин даъвати раиси ҷумҳур, кӯмак ба ин гурӯҳи донишомӯзони осебдида ва волидайни онҳост, то онҳо тавонанд ҷароҳатҳои “ҳамлаи даҳшатбор”-ро рафъ кунанд. Ин аст, ки барномаи сафари ин гурӯҳ шомили барномаҳои фарҳангӣ ва боздид аз ҷойҳои таърихии Тоҷикистон хоҳад буд. Ба ин тартиб, Тоҷикистон дуввумин кишвар пас аз Чин аст, ки гурӯҳи донишомӯзони осебдидаи ҳамлаи Толибон дар Пешовари Покистонро даъват мекунад.

Дар ҳамин ҳол ба иттилои сафорати Тоҷикистон дар Исломобод, расонаҳо, ходимони сиёсӣ ва ҷамъиятии Покистон аз иқдоми Тоҷикистон дар заминаи даъвати донишомӯзони осебдида ба кишвараш истиқбол кардаанд. Ба навиштаи расонаҳои Покистон, ибтикороти президенти Тоҷикистон барои тақвияти муносиботи “бародаронаву дӯстона миёни ду кишвар”мусоидат хоҳад кард." Зимнан, таърихи 16 декабри соли гузашта як гурӯҳи мусаллаҳ ба мактаби вобаста ба артиши дар Пешовари Покистон ҳамла карданд, ки дар натиҷа 140 нафар, аз ҷумла 132 кӯдак кушта шуданд. Баъдан масъулияти ин ҳамларо Таҳрики Толибони Покистон” бар дӯш гирифт.

XS
SM
MD
LG