Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози мусобиқаи теннис барои Ҷоми Пойтахт


​Рӯзи шанбеи 25 апрел дар шаҳри Душанбе мусобиқаи кушода оид ба теннис байни дӯстдорони ин намуд барои Ҷоми Пойтахт шурӯъ шуд.

Мусобиқаи кушода оид ба теннис байни дӯстдорони ин намуди олимпии варзиш барои Ҷоми пойтахти Тоҷикистон, ки рӯзи шанбеи 25 апрел дар Қасри тенниси шаҳри Душанбе оғоз ёфт, ба ҷашни 70-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 бахшида шудааст.

Ташкилкунандагони ин мусобиқа Корхонаи воҳиди давлатии “Қасри тенниси шаҳри Душанбе” ва Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Душанбе мебошанд. Раҳбари ин корхона Тоҷиддин Тағоев ба радиои Озодӣ гуфт, “дар ин мусобиқа, ки барои бори панҷум барпо мегардад, ҳудуди 30 нафар дӯстдорони теннис – намояндагони Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон, вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, ташкилоту созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон, ҳамчунин, соҳибкорон иштирок доранд. Мусобиқа аз рӯи як намуд – инфиродӣ байни мардон сурат гирифтааст.”

Дар маросими кушоиши мусобиқа, ки 25-уми апрел дар Қасри тенниси Душанбе баргузор шуд, Аббосиддин Саймуддинов, сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе ва Маҳмуди Абдулло, сардори шӯъбаи варзиш ва омӯзиши олимпии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дӯстдорони теннисро бо оғози рақобатҳо табрик гуфта, ба ширкаткунандагони мусобиқа, ки 26 апрел ба анҷом мерасад, комёбиҳо орзу карданд.

Ғолиб ва онҳое, ки ҷойҳои дувуму севуму чорумро мегиранд, бо ҷому ифтихорномаҳои Корхонаи воҳиди давлатии “Қасри тенниси шаҳри Душанбе”, Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии пойтахти кишвар, тӯҳфаҳои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва Ширкати мобилии “Мегафон” сарфароз мешаванд. Инчунин ба ҳамаи ширкаткунандагони мусобиқа сертификатҳои Кумитаи байналмилалии олимпӣ ва Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон супурда хоҳад шуд.

Ёдовар мешавем, дар мусобиқаи соли гузашта дӯстдорони теннис - намояндагони шаш кишвар – Тоҷикистон, Русия, Украина, Олмон, Чин ва Ҳиндустон – иштирок доштанд. Дар сабқати ниҳоӣ байни мардон Қосим Раҷабмадов (Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон) бар соҳибкори душанбегӣ Шавкат Орифов пирӯз шуд ва бо мукофоти аслӣ - Ҷоми Пойтахт-90 – сарфароз гашт. Ҷамолиддин Убайдуллоев (Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон) ва Григорий Багдасарян (Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе) ҷойҳои севумро гирифтанд.

Дар сабқати занон Мунаввара Раҳмонова (Ширкати мобилии Tcell) мақоми аввалро касб кард. Мария Никитюк (Сафорати Украина дар Тоҷикистон) ҷойи дувум ва Анастасия Тиссен (Намояндагии Бонки аврупоии рушд дар Тоҷикистон) ҷойи севумро соҳиб шуданд.

XS
SM
MD
LG