Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазорати Русия баёнияи Қодировро танқид кард


Вазорати умури дохилии Русия баёнияи Рамазон Қодиров, раиси ҷумҳури Чеченистонро, интиқод кард. Аз ин пеш Рамазон Қодиров аз ниҳодҳои амниятии Чеченистон хост, маъмурони амниятии дигар минтақаҳои Русияро, ки бе ризоияти ӯ дар қаламравим ҷумҳурӣ амалиётҳои амниятӣ анҷом медиҳанд, бикушанд. Вазорат рӯзи 23-уми апрел бо нашри як баёнияи расмӣ гуфт, баёнияи Рамазон Қодировро ғайриқобили қабул медонад. Раиси ҷумҳури Чеченистон рӯзи 21-уми апрел ҳангоми суханронӣ дар ҳузури нерӯҳои амниятии ин ҷумҳурӣ дар Грозний, онҳоро ташвиқ кард, ки нагузоранд, маъмурони амниятии дигар минтақаҳо дар Чеченистон амалиёт анҷом бидиҳанд. Навори сӯҳбати ӯро телевизиони шаҳрии Грозний намоиш дод, вале баъдан аз вебсайташ бардошт. Баёнияи Қодиров дар ҳоле садо дод, ки таниш байни ӯ ва ниҳодҳои амниятии Русия боло гирифтааст.

XS
SM
MD
LG