Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарвазири Қирғизистон истеъфо медиҳад


Сарвазири Қирғизистон Ҷоомарт Оторбоев рӯзи 23 апрел ба порлумони ин кишвар гуфтааст, ки аз мақомаш истеъфо хоҳад дод. Вай ин эълонро баъд аз додани гузориш аз кори ҳукумати худ дар соли 2014 кард ва афзуд, дар давлати демократӣ бояд монополияи қудрат вуҷуд надошта бошад. Сарвазири Қирғизистон аз он нороҳат буд, ки пешниҳодҳои ӯ барои ҳалли баҳс сари кони тилои "Кумтор" ва чораҳои зиддибӯҳронии ҳукумат аз тарафи порлумон пазируфта нашуданд. Истеъфои Оторбоев дар ҳоле сурат мегирад, ки тирамоҳи имсол дар Қирғизистон интихоботи навбатии порлумонӣ баргузор мешавад ва ҳамчун кишваре, ки низоми ҳокимияташ порлумонист, ҳайати ҳукумати ояндаро натиҷаҳои интихобот муайян хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG