Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозгашти боз 8 тоҷики дигар аз Яман


Интизор меравад, ки шаби 22 ба 23 апрели соли равон боз 8 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Яман ба ҳайси пизишк кор мекарданд, бо ҳавопаймои ҳарбии Русия аз Санъо ба Маскав оварда шаванд. Бинобар муроҷиати дигарбораи шаҳрвандони боқимондаи мо дар ин кишвари ноамн, Сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов ба масъулони ситод дастур дод, ки роҳҳои ҳалли ин қазияро низ пайдо намуда, ба хамватанони ниёзманд кумак расонанд. Ахиран, узви ситоди назди сафорат Парвиз Содиқов тавассути телефон бо масъулони Сафорати Русия дар Яман дар тамос шуда, дархости кумак намуд. Ӯ ҳамчунин мустақиман бо сарнишини ҳавопаймои ҳарбии рус низ дар тамос шуда, дархост намуд, ки чанд тан аз шаҳрвандони тоҷики интизори наҷот аз ин макони ноамнро ба Маскав баргардонанд. Ҳоло ҳозир дар ду ҳавоаймо, ки сӯи Маскав раҳ гирифтаанд, 8 нафар шахрвандони Тоҷикистон низ мебошанд. Масъулони ситоди назди сафорат аз ҳисоби дипломатҳо ва намояндагии хадамоти муҳоҷират дар фурудгоҳ онҳоро пешвоз гирифта, бо кумак ба ҳуҷҷатгузориҳо ба Ватан гусел хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG