Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Киев сиёсатмадори мухолифин кушта шуд


Олег Калашников
Олег Калашников

Дар шаҳри Киев ҷасади як сиёсатмадори мухолифин пайдо шуд. Вазорати корҳои дохила гуфт, ки Олег Калашникови 52-сола аз силоҳи оташнишон ба қатл расидааст. Полис гуфт, ки тафтиши ин ҳодиса шурӯъ шудааст. Калашников собиқ депутати парлумон буд, ки ба узвияти Ҳизби Минтақаҳои раиси ҷумҳурии пешини Украина Виктор Янукович шомил буд. Як мақоми баландпояи ВКД Украина Антон Ҳерашенеко гуфт, ки Калашников дар бораи ҳаракатҳои зидди-Майдон - мухолифини ғарбгаро маълумоти зиёд дошт. Нирӯҳои рӯ ба ғарб дар Украина ва намоишҳои эътирозии онҳо боиси мақомашро канор гузоштани Янукович дар феврали соли 2014 шуд. Ҳоло тафтишот мегӯяд, ки ҳамин масъала метавонад яке аз баҳонаҳои асосии куштори эҳтимолии Калашников бошад. Ҳерашенко гуфт, ки “ин шахс дар бораи манобеи молии он гурӯҳ иттилои фаровоне дошт ва ҳоло асрори ин маълумотро бо худ бурд”. Дар чанд моҳи охир чандин тарафдори ҳукумати пешини Украина ба таври ногаҳонӣ даргузаштанд.

XS
SM
MD
LG