Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон мухолифи ҳамкорӣ бо "Давлати Исломӣ" шуд


Муҳаммад Ҷавод Зариф ва Йерлан Идрисов
Муҳаммад Ҷавод Зариф ва Йерлан Идрисов

Ҷавод Зариф-вазири корҳои хориҷаи Эрон дар ҷараёни боздидаш аз Қазоқистон бар зидди ҳамкорӣ бо “Давлати Исломӣ” изҳори ақида кард. Оқои Зариф ин масъаларо дар дидор бо Йерлан Идрисов-вазири корҳои хориҷаи Қазоқистон 13 апрел баррасӣ кард.

Ба гуфтаи оқои Зариф, гурӯҳи тундравҳо, ки қисматҳоеро дар Ироқу Сурия дар назорати худ доранд, нуфузи худро дар Афғонистон низ густариш додаанд.

Баъд аз дидор Зариф ва Идрисов ба рӯзноманигорон гуфтанд, ки онҳо робитаҳои дуҷониба, тиҷорат, масъалаҳои амнияти минтақа ва боздиди Нурсултон Назарбоев - раиси ҷумҳури Қазоқистон аз Эронро баррасӣ кардаанд. Ин боздид барои соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст.

XS
SM
MD
LG