Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии Комроншоҳи Устопириён


Комроншоҳи Устопириён
Комроншоҳи Устопириён

Комроншоҳи Устопириён, паҳлавони шинохтаи тоҷик дар вазни то 90 кило қаҳрамони дзюдои Тоҷикистон дар байни бузургсолон шуд. Вай рӯзи 12 апрел дар сабқати ҷумҳуриявӣ оид ба дзюдо дар Душанбе дар даври ниҳоӣ бо Фарҳод Сафаралиев қувваозомӣ намуда, ӯро бо усули "иппон" шикаст дод.

Рӯзи шанбе паҳлавони дигари тоҷик Хушқадам Хусравов, ки то кунун танҳо дар сабқатҳои гуштии самбо иштирок мекард, бори аввал дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба дзюдо баромад намуда, дар вазни 60 кило қаҳрамони кишвар шуд. Ин пирӯзӣ барои Хусравов имкон медиҳад, то дар сабқатҳои ватанӣ, минтақаӣ ва ҷаҳонии дзюдо, ки гуштии навъи олимпист, низ иштирок кунад.

XS
SM
MD
LG