Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳсили марзбонони Афғонистон дар Тоҷикистон


Дувоздаҳ афсари нерӯҳои марзбони Афғонистон давраи омӯзишии худро, ки Коллеҷи ҳифзи марзи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Душанбе баргузор намуд, ба поён расонданд. Ин давраи омӯзишӣ бо сармоягузории Иттиҳодиа Аврупо ҷараён гирифт. Хатмкардагони он ба мураббиёне табдил меёбанд, ки дар навбати худ афсар ва сарбозони нерӯҳои марзбони Афғонистонро омӯзиш хоҳанд дод. Бахши умдае аз таҳсили онҳо ба дибонӣ ва ҳифзи марзи байни Тоҷикистон ва Афғонистон бастагӣ хоҳад дошт. Ахиран дар ин марз чаҳор сарбози тоҷик аз тарафи Толибон рабуда ва ба умқи қаламрави Афғонистон интиқол дода шудаанд. Сарнавишти онҳо то ҳанӯз номаълум аст.

XS
SM
MD
LG