Сардори 5 раёсати сохтории вазорати умури дохилии Тоҷикистон ва раёсати он дар шаҳри Душанбе аз мақомҳои худ барканор ва ба ҷои онҳо афроди дигар таъин гардидаанд. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ мегӯяд, инчунин, бо мувофиқа бо Эмомалӣ Раҳмон сардори қисми минтақавӣ дар гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоби вилояти Хатлон ва сардорони шуъбаҳои ВУД дар шаҳру ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ, Қубодиён, Ҷалолиддини Румӣ, Ҷиликул, Данғара, Норак, Спитамен, Ҷаббор Расулов, Ашт, Ҷиргатол, Шуғнон ва Мурғоб нав шудаанд.
Ному насаби раҳбарони тозатаъини сохторҳои вазорати умури дохилӣ дар Душанбе ва шаҳру навоҳии дигари кишвар то ҳол маълум нест. Вале манобеи мо мегӯянд, Фотеҳ Қунғуротзода дар мақоми сардори раёсати умури дохилии Душанбе Саид Ҷӯрахонзодаро иваз намудааст. Қунғуротзода 53-сола буда, то ин дам сардори раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятии вазорати умури дохилӣ буд.
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 7 апрел ин афродро ба ҳузур пазируфта, “ба хизмати софдилонаю содиқона ба халқу Ватан ва поквиҷдонию поктинатӣ даъват кардааст”. Оқои Раҳмон аз онҳо хостааст, то мубориза бо ҷинояткорӣ, хусусан ҷиноятҳои созмонёфтаи фаромиллӣ, пешгирӣ аз амалҳои террористию ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҷиноятҳои коррупсиониро пурзӯр кунанд.