Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Санавбар"-и М.Ҷӯраева табдили ном кард


Муаттари Ҷӯраева.
Муаттари Ҷӯраева.

Ресторани “Санавбар”, ки ба Муаттари Ҷӯраева -- наттоқи телевизион, ки ахиран ба зиндон маҳкум шуд, тааллуқ дошт, ахиран ба “Ҳаёти нав” табдили ном кард ва дубора ба фаъолият оғоз кардааст. Нуриддин Расулов, соҳиби феълии ресторани "Санавбар" (ҳоло "Ҳаёти нав) рӯзи 6 апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, бо назардошти маҳалли ҷойгиршавии ресторан, номи онро иваз намудаааст. Зеро ба қавли ӯ, маҳаллае, ки ресторан ҷойгир аст, “Ҳаёти нав” ном дорад. Нуриддин Расулов гуфт, Олия Ҷӯраева -- модари Муаттара аз вай хостааст, ки раҳбарии ресторанро ба дӯш гирад, то меҳнати онҳо барҳадар наравад ва ӯ низ ба ин пешниҳод розӣ шудааст. Ба гуфтаи Нуриддин Расулов, феълан ресторан фаъол аст ва дари он барои меҳмонон боз мебошад. Гуфта мешавад, ки Муаттара Ҷӯраева қаблан як қисми замин аз корхонаи “Сомонтаҷҳизот” иҷора гирифта, ресторани худро бунёд кардааст. Оҷонсии зидди коррупсия дар моҳи октябри соли гузашта маҳз ба хотири ҳамин ресторан алайҳи Муатара Ҷӯраева бо ҷурми “қаллобӣ” парванда боз намуд, ки додгоҳи Исмоили Сомонӣ ӯро 17 марти соли равон ба 9 соли зиндон маҳкум кард.

XS
SM
MD
LG