Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаҳрванди Тоҷикистон дар зиндон худро ба дор кашид


Бино ба хабари расонаҳои Русия, муфаттишон сабабҳои худкушии як шаҳрванди Тоҷикистон дар боздоштгоҳи муваққатиро таҳқиқ мекунанд. Вайро барои чанд куштор гуноҳгор медонистанд ва тибқи хабарҳо, вай дар боздоштгоҳи "Матросская тишина"-и Маскавхудро ба дор овехтааст.

Юлия Иванова-корманди Кумитаи Тафтишоти Русия гуфтааст, ки ҷасади шаҳрванди Тоҷикистонро рӯзи панҷшанбе дар яке аз ҳуҷраҳои зиндон овехта ёфтаанд. Вай дар ҳолати беҳушӣ будааст ва ба зудӣ ба бемористон интиқол додаанд, вале вай дар бемористони шаҳрӣ ҷон додааст.

Дар нимаи моҳи март дафтари матбуотии пулиси Маскав хабар дода буд, ки як шаҳрванди 20 солаи Тоҷикистонро боздошт кардаанд ва вай дар ҷое кор намекардааст. Вай ба хонаи сокинон даромада онҳоро мекуштааст.

Дар хабар гуфта мешавад, ки аз моҳи октябри соли гузашта дар ҳавзаҳои ҷанубӣ, шимолӣ ва ҷанубу ғарби Маскав бо истифода аз “аслиҳаи сард” чанд куштор анҷом гирифтааст ва ҳамаи ин кушторҳо шабона рух додааст. Қотил худро корманди идораи гази Маскав муаррифӣ мекардааст ва ба баҳонаи тафтиш ба хона роҳ меёфтааст. Сипас соҳибони хонаро кушта, пулу моли онҳоро бо худ мебурдааст.

Манобеи хабарӣ гуфтаанд, ки ин шаҳрванди Тоҷикистон дар бозпурсиҳо куштори 6 нафарро эътироф кардааст. Аз вай ном бурда намешавад.

XS
SM
MD
LG