Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Феҳристи 10 кишвари хатарноки ҷаҳон


Як муассисаи мустақили пажӯҳишӣ Ироқу Афғонистон ва Покистону Украинаро дар миёни 10 кишвари хатарноки ҷаҳон ҷой додааст. Бо назардошти фаъол будани террористону ошӯбгарон, созмони ИнтелСентер, ки дар Вашингтон қароргоҳ дорад, Ироқ Сурияро ду кишвари хатарноктарин дар ҷаҳон ном бурдааст. Афғонистон аз назари хатарнокӣ дар мақоми 5-ум ва Покистон дар зинаи 8-ум қарор дорад. Украинаро аз назари хатарнокӣ дар ҷойи 9-ум қарор додаанд. Сомалӣ, Нигерия, Либия, Яман ва Миср низ дар байни даҳгонаи кишварҳои хатарноки ҷаҳон ҳастанд.

XS
SM
MD
LG