Бино ба хабарҳои матбуотӣ, кормандони Кумитаи давлатии амнияти милии Қирғизистон 3 шаҳрванди хориҷиро ба гумони ташкили шабакаи байналмиллалии интиқоли маводи мухаддир боздошт кардаанд. Дар ин бора дафтари матбуотии ин кумита ба матбуот хабар додааст.
Бино ба ин хабар, гурӯҳи мазкур муддати тӯлонӣ ба қочоқ ва интиқоли миқдори зиёди маводи мухаддир дар масири Туркия-Эрон-Туркманистон-Тоҷикистон-Қирғизистон-Қазоқистон-Русия-Белгия машғул будааст.
Ин се нафар дар ҷараёни амалиёти фаврӣ дар қаламрави Бишкек ва вилояти Чуй боздошт шудаанд. Онҳо раҳбарон ва аъзои гурӯҳи байналмиллалии қочоқбарон мебошанд. Миллати ин се нафарро ошкор накардаанд.