Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон мегӯяд, ба созиши атомӣ наздик шудаанд


Аббос Арақчӣ, муовини вазири умури хориҷии Эрон, субҳи рӯзи 29-уми март гуфт, “90 дар сад эҳтимоли он ҳаст”, ки кишвараш ва 6 қудрати ҷаҳонӣ то охири моҳи март эъломияи сиёсӣ дар бораи барномаҳои атомии Эронро қабул кунанд. Ба гуфтаи Аббос Арақчӣ, “бештар аз 50 дар сад эҳтимоли он вуҷуд дорад", ки тавофуқи усулӣ рӯзи 29-уми март ҳосил шавад. Вазирони умури хориҷии Фаронса ва Олмон, рӯзи 28-уми март ба музокироти атомии дипломатҳои баландпояи Амрико ва Эрон дар шаҳри Лозаннаи Швейтсария ҳамроҳ шуданд. Ҳадафи музокирот то рӯзи 31-уми март қабули чаҳорчӯби тавофуқномаи сиёсӣ дар бораи барномаҳои атомии Эрон аст. Ин санад роҳро барои имзои созишномаи ниҳоӣ дар бораи барномаҳои баҳсбарангези атомии Эрон боз мекунад, ки бояд то охири моҳи июн ба даст биёяд ва бар асоси он Эрон ғанисозии ураниумро маҳдуд кунад ва кишварҳои ғарбӣ таҳримоти нафасгиркунандаи иқтисодӣ алайҳи он кишварро аз байн бардоранд. Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико ва Федерика Могерини, масъули сиёсати умури хориҷии Иттиҳодияи Аврупо рӯзи 29-уми март дар ҳошияи музокироти атомӣ барои арзёбии пешрафтҳо дар ин музокирот мулоқот мекунанд. Ҷон Керрӣ рӯзи 28-уми март ду маротиба бо Муҳаммад Ҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эрон ва ҳамтоёни худ аз Олмону Фаронса гуфтӯгу кард.

XS
SM
MD
LG