Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Расонаҳо: Любитс маризии афсурдагӣ дошт


Андреас Любитс
Андреас Любитс

Андреас Любитс, халабони дуюми ҳавопаймои олмонии дар куҳҳои Алпи Фаронса суқуткарда, аз афсурдагии тулонӣ ранҷ мекашид. Расонаҳои чопи Олмон рӯзи 27 март дар ин бора хабар дода навиштаанд, ки табибон пайваста ба ӯ тавсия медоданд то аз озмоиши равонӣ гузарад. Бархе аз манбаъҳо гуфтаанд, дар маркази тамриниLufthansa, ширкате, ки Germanwings мансуб ба он аст, ба Любитс иҷозаи парвозро надода буданд.

Кофтукоби чандинсоатаи полис дар манзили Андреас Любитс, ки айни ҳол гумонбари асосии суқути ҳавопаймои ширкати Germanwings маҳсуб мешавад, субҳи рӯзи ҷумъа поён ёфт.

Бар пояи хабарҳо, кофтукоб дар манзили халабон дар шаҳри Дюсселдорф – ибтикори мақомоти ҳифзи тартиботи Фаронса буд. Аз ин пеш додситони шаҳри Марсели Фаронса Брис Робэн хабар дод, ки Любитс, халабони дуввуми ҳавопаймо, Аэробуси А320 барқасдона нобуд кардааст. Ба гуфтаи ӯ, баъд аз кобин берун шудани пилоти якум Любитс дарро қулф карда, ҳавопайморо ба кӯҳ задааст.

Ба иттилои хабаргузориҳо, ҳангоми кофтукоб дар манзили Любитс далелҳои зиёде пайдо шуда, муфаттишони полис чизи хело муҳимеро ҳам кашф кардаанд.

Аэробуси А320 бо 150 сарнишину мусофир рӯзи 24 март аз шаҳри Барселонаи Испания сӯи шаҳри Дюсселдорфи Олмон парвоз мекард. Бештари мусофирони ҳавопаймо – шаҳрвандони Олмон буданд. Дар ин фоҷиа шаҳрвандони Австралия, Бритониё, Испания, Қазоқистон, Туркия, Эрон ва Ҷопон ҳам ба ҳалокат расидаанд.

XS
SM
MD
LG