Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Музокироти ҳастаии Эрон аз сар гирифта мешавад


Қарор аст музокироти ҳастаии шаш қудрати ҷаҳонӣ роҷеъ ба барномаҳои ҳастаии Эрон дар Шветсария аз сар гирифта шавад. Ин кишварҳо то 31 март дар ивази коҳиши таҳримҳои иқтисодии Ғарб бояд роҷеъ ба маҳдудияти фаъолиятҳои ҳастаии Теҳрон ба тавофуқ расанд.

Теҳрон то ҳол рад мекунад, ки фаъолиятҳои ҳастаиаш бо эҷоди аслиҳаи ҳастаӣ иртибот надорад. Вале кишварҳои Ғарбӣ ва кишварҳои дигар, ба вижа Исроил, ба он шак доранд.

Муҳаммад Ҷавод Зариф ва Ҷон Керрӣ-вазирони корҳои хориҷаи Эрону Амрико 26 март дар Лозаннеи Шветсария бо ҳам мулоқот мекунанд.

Вазирони корҳои хориҷаи шаш қудрати ҷаҳонии ширкаткунандаи музокирот низ дертар ба музокирот ҳамроҳ мешаванд. Дар ин музокирот ҳайатҳои Британияву Фаронса, Русияву Чин ва Олмон ширкат мекунанд.

Намояндаҳои расмӣ мегӯянд, ки дар музокирот пешравӣ ба даст омадааст, вале холигоҳҳо ҳанӯз боқӣ мондааст.

XS
SM
MD
LG