Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талафоти "Лашкари Ислом" дар водии Тира


Водии Тира дар вилояти Хайбар
Водии Тира дар вилояти Хайбар

Кормандони хадамоти кашфи Покистон аз ҳалокати тақрибан 30 узви гурӯҳи мусаллаҳи “Лашкари Ислом” бар асари зарбаи ҳавопаймо дар водии Тираи вилояти Хайбар хабар доданд. Ба гуфтаи онҳо, зарбаи ҳавопаймо субҳи рӯзи 25 март зада шуд.

Хабаргузории покистонии Dawn бо такя а манбаъҳояш навиштаааст, ки миёни қурбониён сухангӯи «Лашкари Ислом” Салоҳиддин Аюбӣ низ ҳаст.

Артиш ва нерӯҳои амниятии Покистон чанд рӯз боз амалиёти густурдаи низомӣ дар водии Тираро идома медиҳанд, ки бахше аз амалиёти поксозии манотиқи қабоилнишини воқеъ дар марз бо Афғонистон аз гурӯҳҳои мусаллаҳи зиддидавлатист. Ин гурӯҳҳо дар кӯҳистони ин манотиқ мустақар шуда, аз он ҷо ба нерӯҳои покистонӣ ҳамла мекунанд ва аз марз гузашта бо низомиёни афғон вориди даргирӣ мешаванд.

Ба навиштаи хабаргузории Рейтер, дар ҷангҳои ахир дар водии Тира ҳафт низомии покистонӣ ҳам ба ҳалокат расидаанд.

XS
SM
MD
LG