Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешгирӣ аз қочоқи 120 тонна нуриҳои минералӣ


Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, аз қочоқи 120 тонна нуриҳои минералии тавлиди Узбакистон пешгирӣ карданд. Дар баёнияи расмии Хадамоти гумрук, ки рӯзи 25-уми март нашр шуд, омадааст, 120 тонна нурии минералиро ҳангоми амалиёти гумрукӣ дар ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар мошинҳои боркаши Қирғизистон зимни муоинаи гумрукӣ пайдо карданд. Бар асоси ин баёния, нуриҳои минералии навъи “селитра” ва “карбамид” ба Мирфаёз Муқумов, сокини шаҳри Истаравшан ва Абдусалом Абдушукуров, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров тааллуқ доштааст ва онҳо ин борро онҳо “аз Ҷумҳурии Қирғизистон ба қаламрави кишвар бо роҳҳои ғайрирасмӣ ва бидуни пардохтҳои гумрукӣ ворид намудаанд.” Нисбати ҳарду бо иттиҳоми “қочоқ” парванда боз кардаанд.

XS
SM
MD
LG