Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии Ирина Влах дар интихоботи Гагаузия


Дар интихоботи башкан ё раҳбари вилояти мухтори Гагаузияи Молдавия Ирина Влах пирӯз шудааст. Дар ин бора рӯзи 23 март раиси Комиссиюни марказии интихоботии Гагаузия Валентин Кара хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, дар интихоботе, ки рӯзи 22 март баргузор шуд, аз Ирина Влах беш аз 50 дар сади интихобкунандагон пуштибонӣ кардаанд. Рақиби асосии ӯ Николай Дудогло каме бештар аз 18 дар сади раъйҳоро соҳиб шуд. Дар маҷмӯъ даҳ нафар довталаби мақоми раҳбари Гагаузия буданд.

Ба иттилои расмӣ, 58 дар сади афроди соҳиби ҳаққи раъй пойи қуттиҳои овоздиҳӣ омаданд.

Ирина Влах ҳамчун номзади мустақил сабти ном шуда буд, вале аз ӯ Ҳизби сотсиалистӣ пуштибонӣ намуд.

Гагаузия хостори қаробат бо Русия ва мухолифи пайвастани Молдавия ба Иттиҳодияи Аврупост. Дар раъпурсие, ки моҳи феврали соли 2014 дар Молдавия баргузор шуд, беш аз 98 дар сади сокинони Гагаузия хостори пайвастани Кишинёв ба Иттиҳодияи гумрукӣ шуда буданд.

XS
SM
MD
LG