Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусодираи 5 саъба аз бағочи як мусофири тоҷик


Рӯзи 17 март аз як шаҳрванди Тоҷикистон дар фурудгоҳи Челябински Русия 5 смурғи саъбаро мусодира кардаанд. Мақомоти фурудгоҳ мегӯянд, ин нафар мехост мурғонро ба таври ғайриқонунӣ ва бидуни ягон санади расмӣ дар дохили як қуттӣ ба Душанбе бибарад, вале ҳангоми гузаштан аз хатти тафтиш саги бӯгири мақомоти гумрукӣ вуҷуди ҷонварони зиндаро дар ин қуттӣ ҳисс карда, аккос задааст. Расонаҳои маҳаллӣ мегӯянд, мурғони саъбаро ба ниҳодҳои байторӣ супурдаанд ва ба тоҷики қочоқбар муҷозоти ҷидди маъмурӣ таҳдид мекунад.

XS
SM
MD
LG