Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Намояндаи нави ИА дар Осиёи Миёна


Петер Бурян
Петер Бурян

Федерика Моғеринӣ-масъули сисёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо фиристодаи вижа ва нави ин иттиҳодия барои Осиёи Марказиро муаррифӣ кард. Петер Бурян-номзад ба ин мақом корманди аршади вазорати корҳои хориҷаи Словакия аст.

Дар ин бора дар баёнияи матбуотии дафтари Моғеринӣ хабар дода шудааст. Бурян 55 сола аст ва дар гузашта сафири Словакия дар паймони НАТО, дар Амрико ва дар СММ будааст. Бурян дар мақоми фиристодаи вижаи Иттиҳодияи Аврупо дар Осиёи Марказӣ Янос Ҳерманро иваз мекунад.

Моғеринӣ дар ин баёния гуфтааст, “таъйини Петер Бурян нишон медиҳад, ки Иттиҳодияи Аврупо ҳамкорӣ бо Осиёи Марказиро идома медиҳад ва ҳузури қавии моро дар масъалаҳои муҳими мавриди алоқаи ҳар ду ҷониб, аз қабили авлавияти қонун, амният, энержӣ, об, маориф ва ҳуқуқи башар мутмаин месозад”.

XS
SM
MD
LG