Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳузури "Давлати исломӣ" дар Афғонистон


Николас Ҳейсом
Николас Ҳейсом

Николас Ҳейсом - фиристодаи боломақоми СММ барои Афғонистон мегӯяд, гузоришҳои ахир нишон медиҳад, ки гурӯҳҳои тундрави "Давлати исломӣ" ба хоки Афғонистон низ сар даровардаанд.

Николас Ҳейсом ин нуктаро дар Шӯрои Амнияти СММ зимни суханони худ изҳор дошт. Вай афзуд, арзёбиҳои намояндагии СММ нишон медиҳад, ки ҳоло "Давлати исломӣ" дар Афғонистон амиқ реша надавондааст.

Ин изҳороти Ҳейсом аз ҷониби Русия акси садо пайдо кард ва аз Шӯрои Амният хост, ки аз тавсеаи гурӯҳҳои тундрав пешгирӣ кунад. Владимир Сафронков - муовини намояндагии Русия дар СММ гуфт, Маскав аз афзоиши таҳдидҳои террористӣ дар Афғонистон, ба вижа дар наздикиҳои марзҳои кишварҳои Шӯравии пешин дар шимоли Афғонистон нигарон аст.

Ҳамзамон Шӯрои Амнияти СММ эътибори намояндагии СММ дар Афғонистонро то 17 марти соли 2016 тамдид кард.

XS
SM
MD
LG