Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Исроил интихобот идома дорад


Дар Исроил райдиҳӣ дар интихоботи сартосарӣ идома дорад. Ин интихобот навъе назарпурсӣ дар бораи нахуствазир Бенямин Нетаняҳу мебошад. Назарпурсиҳои охир нишон медиҳад, ки ҳизби Ликуди нахуствазир аз ҳизби саҳюнистии Зионист Юнион ё Иттиҳоди Саҳюнистии Исҳоқ Ҳерзог хеле дар сафи пеш қарор дорад.

16 март Нетаняҳу гуфт, ки агар вай бори чаҳорум нахуствазир интихоб шавад, дар давраи раҳбарии вай ҳеҷ гуна давлати Фаластин ташкил нахоҳад шуд. Дар ҷараёни маъракаи интихоботӣ Нетаняҳу ҳамчунин бар зидди ҳар гуна тавофуқ дар бораи барномаҳои ҳастаии Эрон ҳушдор дорд.

Ҳерзог Нетаняҳуро муттаҳам кард, ки бо матраҳ кардани масъалаҳои амниятӣ мехоҳад таваҷҷуҳи мардумро аз масъалаҳои иҷтимоӣ ва арзиши гарони зист дур барад.

Порламони Исроил дорои 120 курсӣ аст ва дар низоми интихоботии ин кишвар то ҳол ҳеҷ ҳизби сиёсӣ аксарияти қотеи курсиҳоро ба даст наовардааст.

XS
SM
MD
LG