Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико ба Миср сафар кардааст, то дар як нишасти иқтисодӣ дар Қоҳира ширкат кунад ва бо мақомоти мисрӣ дар бораи масоили амниятӣ гуфтӯгу анҷом диҳад. Ба гуфтаи Вашингтон, Ҷон Керрӣ бо Абдулфаттол ал-Сиси, раиси ҷумҳури Миср дар бораи талошҳои эътилофи ба раҳбарии Амрико дар ҷанг ба зидди гурӯҳи Давлати исломӣ, авзоъ дар Либия ва муноқиша дар Сурия сӯҳбат мекунад. Ҷон Керрӣ ҳамчунин қасд дорад, бо Шоҳи Ӯрдун, Абдуллоҳ ва Маҳмуд Аббос, раиси ҷумҳури Фаластиниён сӯҳбат кунад. Ҷон Керрӣ ва Федерика Могерини, масъули умури хориҷии Иттиҳодияи Аврупо, рӯзи 13-уми март дар шаҳри Шарм ул-Шайхи Миср дар конференси Рушди иқтисодии Миср ширкат мекунанд. Қарор аст, дар ҳошияи ин конфронс, Ҷон Керрӣ ҳамчунин музокироти атомии қудратҳои ҷаҳонӣ бо Эронро бо намояндагони кишварҳои минтақа баррасӣ кунад. Ҷон Керрӣ қасд дорад, рӯзи 15-уми март барои музокирот бо Муҳаммад Ҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эрон ба шаҳри Лозени Швейтсария сафар кунад.