Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Соли 2014 бадтарин сол барои Сурия будааст


Дар гузориши нави СММ гуфта мешавад, ки ҷанг дар Сурия 80 дарсади аҳолиро ба ботлоқи фақр андохтааст. Дар ин гузориш, ки Маркази таҳқиқоти Сурия анҷом додааст, ҳамчунин гуфта мешавад, ки ҷанг умри миёнаи аҳолиро 20 сол поин бурдааст.

Аз оғози ҷанг дар соли 2010 то ҳол ҳамчунин даромади иқтисодӣ 200 миллиард доллар кам шудааст. Дар ин гузориш, ки 11 март ба нашр расид, дар бораи “суқути мунтазам ва харобӣ”-и пояҳои иқтисод намунаҳо оварда шудааст.

Таваррум ва беарзиш шудани пул ва бекорӣ ба сатҳи боло расидааст. Дар гузориш гуфта мешавад, ки соли 2014 дар муноқишаҳои Сурия бадтарин сол будааст.

XS
SM
MD
LG